LIVE

Салоҳ дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои таърихи ПЛА ба зинаи ҳаштум баромад

Ҳамлагари дастаи «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ дар бозии даври 9-уми чемпионати Англия зидди дастаи «Арсенал»-и Лондон (2:2) ба задани гол даст ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 9-ум
27-уми октябри соли 2024, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Арсенал” (Лондон) 2:2 “Ливерпул” (Ливерпул)
1:0 Сака – 9'     1:1 ван Дейк – 18'     2:1 Мерино – 43’     2:2 Салоҳ – 81'
Ба ин тартиб, футболбози мисрӣ ҳоло дар ПЛА 163 гол дорад - ин бозигар дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои таърихи лига ҷои ҳаштумро ишғол намуда, бо собиқ бозигари маъруфи «Ливерпул» Робби Фаулер баробар шуд. Баъдан ҳуҷумкунандаи собиқи «Тоттенҳэм» Ҷермейн Дефо қарор дорад, ки 162 маротиба голзанӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин нишонзан дар таърихи ПЛА Алан Ширер мебошад, ки 260 гол дорад.
Мавсими ҷорӣ Салоҳ 13 бозӣ гузаронида, 8 гол ва 7 партофти головар дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 55 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив