LIVE

Гвардиола баъди бохт аз "Ливерпул" ба журналистон чӣ гуфт?

Сармураббии дастаи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола гуфт, ки пас аз шикаст дар бозии даври 13-уми Премйер-лигаи Англия зидди «Ливерпул» бо ҳисоби 0:2  дастааш ба бозсозӣ ниёз дорад.
Англия - Премйер-лига. Даври 13-ум
01 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 21-00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 2:0 “Манчестер Сити” (Манчестер)
1:0 Гакпо – 12' 2:0 Салоҳ – 78'
«Ливерпул”-ро табрик мекунам. Ба мо бозсозӣ лозим аст мо аз сифр оғоз мекунем. Воқеан ба бозигарони худ такя мекунам ва медонам, ки онҳо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонанд. Мо мебинем, ки то охири мавсим чӣ мешавад», - иқтибос овардааст Sky Sports аз суханони Гвардиола.
Дастаи Арне Слот бо касби 34 хол аз 13 рақобат дар мақоми аввали  ҷадвали Премер- Лигаи Англия қарор дорад. Шогирдони Гвардиола бошанд баъди панҷ бохти паиҳам   23 имтиёз дошта, дар зинаи панҷум мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив