Ноиби раиси Шӯрои мудирони “Сантос” Нико Освалдо гуфт, ки музокирот бо собиқ ҳамлагари бошгоҳ Неймар дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, футболбози 32-сола моҳҳои наздик ба даста бармегардад.
"Неймар моҳи июн ба Сантос меояд. Ин мавзӯъест, ки мо дар бораи он муошират мекунем. Ӯ бармегардад», - иқтибос меорад Football Espana аз суханони Освалдо.
Неймар дастпарвари "Сантос" буда, аз соли 2009 то соли 2013 дар тими асосии ин бошгоҳи Бразилия бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар 225 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 136 гол ва 64 партофти головар дар номаш дорад.
Ҳамлагари бразилӣ айни замон дар дастаи «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунад ва мӯҳлати шартномааш то тобистони соли 2025 амал мекунад.