LIVE

Неймар бо Роналдо ва Зидан бозӣ кардан мехоҳад

Форварди Пари Сен-Жермен - Неймар гуфт, ки бо кадом бозигарон мехоҳам дар як даста бозӣ кунам. Ҳамзамон, ба ин рӯйхат ҳам бозигарони собиқ ва ҳам ҷорӣ дохил карда шуданд. Бино ба иттилои Marca дар байни бозигароне, ки  Неймар бо онҳо бозӣ кардан мехоҳад, ҳамлагарони дастони мунтахаби Бразилия - Ромарио ва Роналдо собиқ муҳофизатгари мунтахаби Фаронса ва сармураббии кунунии Реал Мадрид - Зинедин Зидан ва ҳамлагари Милан - Златан Ибрагимович шомил гардидаанд. Неймар, ки дастпарвари бошгоҳи Сантос мебошад, аз соли 2017 инҷониб дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Ӯ ба тими фаронсавӣ аз Барселона ба маблағи 222 миллион евро гузариш намудааст. Дар ин мавсим ҳамлагари 28-сола дар 14 бозии чемпионати Фаронса ширкат варзида, 13 гол ва 6 партофти самаровар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив