LIVE

Дастаи Пелеву Неймар ба дивизиони дуюми чемпионати Бразилия поин рафт

Имрӯз, 7-уми декабр бошгоҳи «Сантос» дар майдони хеш аз «Форталеза» (1:2) шикаст хӯрд ва бори нахуст дар таърихаш ба  дивизиони дуюми чемпионати Бразилия фаромад.
Голи пирӯзиовари «Форталеза» дар дақиқаи 90+6-ум аз маркази майдон зада шуд.
Тибқи натиҷаи 38 давр даста бо 43 хол дар зинаи 17-ум қарор гирифта, дастаи зинаи 16-ум «Байи» бошад 44 хол дорад. 
«Сантос» ғолиби чемпионати Бразилия ҳашт маротиба (солҳои 1961, 1962, 1963, 1964, 1965, 1968, 2022, 2004) буда, ҳамчунин се маротиба (солҳои 1962,1963,2011) Ҷоми Либертадоресро тори сар бардоштааст.
Шумораи бештари ҷоизаҳоро «Сантос» замони баромади Пеле дар ин даста ба даст овардааст.
Бразилия - Серияи А. Даври 38-ум
07-уми декабри соли 2023, панҷшанбе. 05:30 ДШБ
Сантос (Сантус) 1 : 2 Форталеза (Форталеза)
0:1 Сантос – 39'     1:1 Мессиас – 58'     1:2 Лусеро – 90+6'    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив