LIVE

Неймар ба «Сантос» баргаштан мехоҳад

Ҳамлавари ПСЖ Неймар дар бораи ояндаи худ ҳарф зад. «Ман мехоҳам боз дар «Сантос» бозӣ кунам. Он чизе, ки ман пазмон шудам, бозӣ дар хона аст. Ман инчунин ҳадди аққал як мавсимро дар МЛС гузаронидан мехоҳам.  Неймари 30-сола дастпарвари «Сантос» аст. Вай соли 2013 ба “Барселона” гузашт.  Дар ҳайати бошгоҳи испанӣ, бразилӣ то соли 2017 бозӣ карда дар 186 бозӣ  ба задани 105 гол ва 76 ассист даст ёфтааст.  Дар соли 2017 Неймар бо маблағи рекордии 222 миллион евро ба ПСЖ гузашт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив