LIVE

«ПСЖ» мехоҳад, ки Неймар ба Париж баргардад

Ҳамлагари бразилиии «ПСЖ»-и фаронсавӣ Неймар бояд то охири моҳи апрел ба макони бошгоҳи Париж баргардад. Ба иттилои манбаъ, Неймар, ки феълан дар Бразилия қарор дорад, ба Париж меояд ва табобаташро аз ҷароҳати вазнин идома медиҳад. Ҳамлагар ба мавсими оянда омодагӣ мегирад.

ПСЖ қаблан тасдиқ карда буд, ки Неймар аз сабаби ҷароҳати зонуаш дар мавсими ҷорӣ дигар бозӣ намекунад. Интизор меравад, ки то мавсими оянда ҳамлагар ба таври комил шифо меёбад.

Неймари 31-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати ПСЖ 29 бозӣ анҷом дода, 18 гол ва 17 партофти головар кардааст. Шартномаи бразилӣ бо бошгоҳи Париж то тобистони соли 2025 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив