LIVE

«ПСЖ» арзиши Неймарро барои бозори трансферӣ эълон намуд

ПСЖ  мехоҳад, ки ҳамлагари бразилиро бо арзиши € 90 млн фурӯшад, ин ҳам дар ҳоле аст, ки ӯро бо қимати € 222 млн харидоӣ карда буд. 
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи фаронсавӣ аллакай футболбози бразилиро ба рӯйхати трансферӣ шомил кардааст, вале ӯро ба маблағи камтар аз 90 миллион евро намефурӯшад. Парижиён ният доранд, ки то мавсими нави чемпионати Фаронса бозсозии бузургеро анҷом диҳанд. Дар баробари ин худи Неймар низ нияти тарки дастаро надорад.
Қаблан ҳамлагари бразилӣ гуфта буд, ки мехоҳад се соли дигар дар дастаи ПСЖ бозӣ кунад.
Неймар аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад ва аз “Барселона” ба маблағи 222 миллион евро гузашт. Шартномаи ӯ бо бошгоҳ то соли 2025 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив