LIVE

Президенти "ПСЖ" аз "Барса" хоҳиш кард, ки Неймарро ба ҳолаш монад

Президенти “Париж Сен-Жермен” Носир Ал-Ҳелайфи ба “Барселона” нома фиристода, хоҳиш кард, ки Неймарро ба ҳоли худ гузорад.
Пештар хабар дода шуд, ки “Барселона”  масъалаи бозгашти Неймарро пас аз нокомии “Пари Сен-Жермен” аз Лигаи чемпионҳо баррасӣ мекунад. “Барселона” тахмин мезанад, ки трансфер метавонад 100 миллион евроро ташкил диҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбари дастаи фаронсавӣ аз кӯшиши ҳамешагии “Барселона” барои баргардонидани Неймар норозӣ аст. Аз ин рӯ Ал-Ҳелайфи бо тимии каталонӣ тамос гирифт ва даъват кард, ки ҳамлагари бразилиро ба ҳолаш монад. 
Ёдовар мешавем, ки Неймар соли 2017 аз “Барселона” ба “Пари Сен-Жермен” ба маблағи рекордии 222 миллион евро гузашт. Дар ҳайати клуби парижӣ бразилиягӣ се маротиба чемпион шуд. Шартномаи Неймар бо бошгоҳи фаронсавӣ соли 2022 ба итмом мерасад ва то ҳол тамдид нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив