LIVE

Неймар барои ҷашн гирифтани зодрӯзи худ ҷарима месупорад

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» - Неймар барои ташкили садои баланду ғавғо дар рӯзи зодрӯзи худ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Париж ҷарима карда шуд. 
Ин ҷавони 31-солаи бразилӣ дар хонаи худ дар шаҳри Париж зиёфат оростааст. Нисфи шаб мири шаҳр Люк Ваттелл, ки дар паҳлӯи Неймар зиндагӣ мекунад, аз сабаби садо ба полис занг зада, шикоят кардааст.  Дар натиҷа Неймар бояд 135 евро ҷарима пардохт кунад.
Неймар дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати ПСЖ 24 бозӣ карда, ба задани 15 гол ва 14 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив