LIVE

Муроҷиати мири шаҳри Париж ба Неймар

Анн Идалго чун нахустин бону дар вазифаи мири шаҳри Париж дар кулли таърихи ин шаҳр вақти суханронӣ аз шабакаи Tele Loisirs иброз намудааст,ки ҳамлавари “Пари Сен-Жермен” Неймар бояд,ки дар роҳи соҳибшавии Лигаи Қаҳрамонҳо ба дастааш кӯмак кунад ва дар ҳамин ҳолат мухлисон ин бразилиявиро барои рафтори ғайриахлоқияш вақти бозори трансферӣ хоҳанд бахшид,замоне ки Неймар баҳри баргашт ба “Барселона” наздик буд.
 “Неймар бояд,ки бароямон баҳри пирузӣ дар Лигаи Қаҳрамонҳо кумак кунад. Ман футболро нағз мебинам,ба ман ин даста писанд аст ва ман ба таври пурра “ПСЖ”-ро тарафдорӣ мекунам. 
 Неймар бояд ба тиме кӯмак кунад,ки баҳри ба даст оварданаш тамоми корҳоро анҷом дод. Парижиҳо ӯро хеле нағз қабул намуданд. Албатта,айни ҳол барояш вақти муносибат бо мухлисон мушкил аст,аммо агар ӯ бароямон чизеро ба мисли Неймари ҳақиқӣ бидиҳад,фикр мекунам,мухлисон ӯро хоҳанд бахшид”,-гуфтааст Идалго,замоне,ки барояш назди манораи Эйфел пироҳани футболбози бразилиро тақдим намуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив