Ҳамлагари бразилӣ Неймар то ба ҳол чунин нишондоди голзании хуб дар карйерааш надошт. Нишонзан дар 10 бозии охири худ дар тамоми мусобиқаҳо бидуни задани гол ё партофти головар майдонро тарк намекунад. Вай дар мунтахаби Бразилия 3 гол ва дар тими ПСЖ 11 гол дорад.
ПСЖ дар бозии охирини худ дар чемпионати Фаронса бар тими «Тулуза» бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Неймар як гол зад. Пас аз панҷ даври бозӣ ПСЖ бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали чемпионати Фаронса қарор дорад. Неймар аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад.