LIVE

Неймар барои гузаштан ба «Челси» бояд аз маоши баланд даст кашад

Ба сармураббии «Челси» - Томас Тухел бозии ҳамлавари ПСЖ -Неймар писанд буд. Ба иттилои манбаъ, мушкили гузариши Неймар ба «Челси» маоши баланди ҳамлагари бразилӣ мебошад. Дар ҳайати ПСЖ ӯ тақрибан 30 миллион евро маош мегирад. Агар Неймар ба кам кардани маош розӣ набошад, пас эҳтимоли зиёд ӯ наметавонад ба бошгоҳи лондонӣ гузарад.
Қаблан гуфта мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» низ талабгори Неймар мебошад. 
Неймар ба хулосае омадааст, ки аз ПСЖ равад. Дар баробари ин, худи клуб низ ба рафтани ҳамлагари бразилӣ барои холӣ кардани сарфи маош манфиатдор аст.  
Неймар аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив