LIVE

Неймар пешниҳоди дастаи «ПСЖ»-ро напазируфт

Ҳамлагари «ПСЖ» Неймар пешниҳоди дастаро барои гузариш ба тими дигар рад кард. Ба гуфтаи манбаъ, ПСЖ мехоҳад сарфи маблағро аз ҳисоби маош коҳиш диҳад ва аз як чанд бозигарони сермаоши худ халос шавад.   Неймар, ки дар як мавсим тақрибан 50 миллион евро музд мегирад, яке аз номзадҳо барои сабук кардани сарфи маблағ буда метавонад.  Бо вуҷуди ин, бозигар ба роҳбарияти дастаи парижӣ гуфтааст, ки ӯ нияти тарк карданро надорад.
Ёдовар мешавем, ки Неймари 30-сола аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад ва аз “Барселона” ба маблағи 222 миллион евро гузашт.Ин трансфер ҳамчунон рекорди маблағи сарфшуда дар футболи ҷаҳон мебошад.  Қарордоди ӯ бо дастаи фаронсавӣ то соли 2025 қувваи ҳуқуқӣ дорад. Ҳамлагари барзилӣ дар 22 бозии Лигаи як баромад намуда,  ба задани 13 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив