LIVE

"ПСЖ" Неймарро € 90 млн мефурӯшад

AS хабар медиҳад, ки "ПСЖ" метавонад ҳуҷумкунандаи бразилӣ Неймарро дар равзанаи трансфери тобистона бо маблағи 90 миллион евро бифурӯшад.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи фаронсавӣ аллакай футболбози бразилиро ба рӯйхати трансферӣ шомил кардааст, вале ӯро ба маблағи камтар аз 90 миллион евро намефурӯшад. Парижиён нақша доранд, ки то мавсими нави чемпионати Фаронса бозсозии бузургеро анҷом диҳанд. Дар баробари ин худи Неймар нияти тарки дастаро надорад.

Қаблан ҳамлагари бразилӣ гуфта буд, ки мехоҳад се соли дигар дар дастаи "ПСЖ" бозӣ кунад.

Неймар аз соли 2017 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад ва аз "Барселона" ба маблағи 222 миллион евро омад. Шартномаи ӯ бо бошгоҳ то соли 2025 баста шудааст. Дар ин мавсим ҳамлагар дар 19 бозӣ дар Лигаи 1 11 гол ва 5 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив