Бошгоҳи саудии “Ал-Наср” нисбати нимҳимоягари “Ювентус” Пол Погбани мароқ зоҳир кардааст.
Тибқи иттилои TEAMtalk бошгоҳи арабӣ омода аст, ки ба футболбоз пешниҳоди фоидаовар ирсол кунад. “Лос-Анҷелес” ва “Марсел” низ барои ба даст овардани ин нимҳимоятгари маъруф талош доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта нимҳимоятгари фаронсавӣ дар санҷиши допингӣ натиҷаи мусбат нишон дода буд. Рӯзи 29-уми феврал додгоҳи зиддидопингӣ тасмим гирифт футболбозро барои чор сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум намояд. Баъди ҳукми додгоҳ Погба шикоят бурда буд. Рӯзи 7-уми октябр Додгоҳи варзишии арбитражӣ (CAS) эълон кард, ки мӯҳлати муҷозоти нимҳимоятгари фаронсавӣ то 18 моҳ коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, ӯ метавонад моҳи марти соли 2025 ба бозиҳои расмӣ баргардад.