Нимҳимоягари фаронсавии "Ювентус" Пол Погба, ки қаблан барои истифодаи допинг аз ҳаққи бозӣ маҳрум шуда буд, метавонад шартномаи худро бо тими туринӣ бекор кунад.
Тибқи иттилои Tuttomercatoweb роҳбарияти «Ювентус» майл дорад, ки ҳамкорӣ бо футболбози фаронсавӣро қатъ кунад. Мӯҳлати шартномаи футболбоз бо туриниҳо бошад то соли 2026 амал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта санҷиши допингии нимҳимоятгари фаронсавӣ натиҷаи мусбӣ нишон дод. Рӯзи 29-уми феврал додгоҳи зиддидопингӣ тасмим гирифт, ки футболбозро ба муддати чор сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти футболӣ маҳрум намояд. Пас аз он ки додгоҳ чунин қарор бароварда буд, Погба нисбат додгоҳ шикоят бурд.