LIVE

Погба чор сол ба майдони футбол баргашта наметавонад

Пол Погба маҳрумияти тӯлонӣ аз барои допинг гирифт.
Чӣ тавре инсайдер Фабрисио Романо хабар медиҳад, нимҳимоягари «Ювентус» ва мунтахаби Фаронса ба мӯҳлати чор сол аз футбол маҳрум карда шуд. Чунин мӯҳлати ҷазоро моҳи декабр прокуратураи зиддидопингӣ хостор шуда буд.
20-уми августи соли 2023 санҷиши допингии қаҳрамони ҷаҳон нисбати тестостерон натиҷаҳои мусбӣ нишон дода буд. Санҷиши такрорӣ натиҷаи аввалияро тасдиқ намуд. Фаронсавии 30-сола бо ҳамин аз футбол барканор карда шуд.
Хабар дода мешуд, ки «Ювентус» мехоҳад бо Погба дар пасманзари парвандаи допингӣ шартномаро қатъ намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив