Ҳамлагари «Ал-Наср» Криштиану Роналду бо роҳбарияти бошгоҳ оид ба ояндаи худ дар даста мулоқот анҷом дод. Дар ин бора рӯзноманигор Руди Галетти дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар ҷаласае, ки шартҳои созишномаи нав бо Роналду баррасӣ шуд, намояндагони Вазорати гардишгарии Арабистони Саудӣ низ ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо итминон доранд, ки ба зудӣ дар мавриди тамдиди муҳлати шартномаи феълӣ тавофуқ ҳосил мешавад.
Қобили қайд аст, ки Криштиану Роналду аз соли 2023 дар тими “Ал-Наср” бозӣ мекунад.