LIVE

Роналду мехоҳад, ки Ковачич ба “Ал-Наср” биёяд

Нимҳимоятгари марказии дастаи "Манчестер Сити" ва тими мунтахаби Хорватия Матео Ковачич метавонад ба яке аз дастаҳои чемпиоанти Арабистони Саудӣ дастаи "Ал-Наср" равад. Дар ин бора рӯзноманигор Ҷеймс Бенг дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, бошгоҳи Про-Лигаи Арабистони Саудӣ ният дорад, ки дар равзанаи интиқоли зимистонаи дарпешистода бозигари хорватиро ба ҳайат ҷалб кунад. Гуфта мешавад, ки ҳамлагари даста Криштиану Роналду исрор дорад, ки нимҳимоятгари “Манчестер Сити”-ро харидорӣ кунад. “Ал-Наср” омода аст, ки агар дар ояндаи наздик аз Садио Мане ё Талиска ҷудо шавад, ба ин бозигар ҳафтае 1 миллион фунт маош пешниҳод кунад.
Дар мавсими гузашта Ковачич, дар ҳайати “шаҳриҳо” дар тамоми мусобиқаҳо 51 бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол ва 2 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив