LIVE

Зидан беҳтарин голи худро муайян кард

Собиқ сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ба саволи беҳтарин голе, ки бозигари фаронсавӣ ҳамчун футболбоз дар карйераи худ зада буд, посух дод.

"Беҳтарин голи ман? Ба фикрам муҳимтарин ва зеботарин голи ман дар бозӣ бо дастаи “Байер” зада шуд. Барои ба даст овардани ҷоми Лигаи Чемпионҳо ин гол ба мо лозим буд», - гуфта буд Зидан дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).

Ёдовар мешавем, ки Зинедин Зидан аз соли 2016 то 2018 ва аз соли 2019 то 2021 тими “Реал”-ро роҳбарӣ кардааст. Мураббии фаронсавӣ якҷо бо “Лос-Бланкос” қаҳрамони дукаратаи Испания, барандаи дукаратаи Суперҷоми Испания ва се маротиба барандаи ҷоми Лигаи қаҳрамонҳо шудааст.

Зидан ҳамчун футболбоз дар дастаҳои “Канн”, “Бордо”, “Ювентус” ва “Реал Мадрид” бозӣ кардааст. ФИФА ӯро се маротиба беҳтарин футболбози сол эълон кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив