Тибқи маълумоти L'Équipe, мутахаасиси фаронсавӣ Зинедин Зидан метавонад фаъолияти сармураббигияшро идома диҳад.
Ба иттилои манбаъ, дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия ба зудӣ метавонад сармураббии худро иваз кунад. Қайд карда мешавад, ки Зидан ба роҳбарияти даста пешниҳод кардааст, ки ӯ барои ба “Олд траффорд” омадан муқобил нест.
Ёдовар мешавем, ки Зинедин Зидан аз соли 2016 то 2018 ва аз 2019 то 2021 тими “Реал”-ро раҳбарӣ кардааст. Якҷоя бо “Лос-Бланкос” мураббии фаронсавӣ ду карат қаҳрамони Испания, барандаи дукаратаи Суперҷоми Испания ва се бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо шуд.
Дар мавсими имсола «Манчестер Юнайтед» пас аз се давр се хол ба даст оварда, дар зинаи 14-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.