LIVE

Серхи Роберто ҳамдастаи Давид де Хеа мешавад

Собиқ дифоъгари "Барселона" Серхи Роберто  чун агенти озод метавонад ба сафи "Фиорентина" пайвандад, хабар медиҳад Relevo.
Бино ба  иттилои манбаъ бошгоҳи итолиёвӣ имкони ба ҳайси агенти озод ба имзо расонидани шартнома бо футболбози 32-соларо баррасӣ мекунад. Ҳамзамон дастаҳои "Рома" ва "Комо" низ нисбати ин бозигари испанӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Қаблан Роберто эълон карда буд, ки пас аз 13 мавсим  аз «Барселона» меравад. Дар ин муддат бозигари испанӣ дар сафи “нинлунориҳо” 373 бозӣ анҷом дода, ба задани 19 гол ва ирсоли 43 партофти головар даст ёфтааст.
Роберто ҳамзамон ҳафт ҷоми қаҳрамонии Испания, шаш маротиба Ҷоми Испания ва панҷ бори дигар Суперҷоми Испанияро тори сар бардоштааст. Дар арсаи байналмилалӣ бошад ин ҳимоятгар дар ҳайати «Барселона» ду маротиба Ҷоми Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив