LIVE

«Ал-Аҳлӣ» ба Фирмино шартномаи сесола пешниҳод кард

Бошгоҳи саудии «Ал-Аҳлӣ» ба ҳамлавари «Ливерпул» Роберто Фирмино шартномаи мӯҳлаташ то соли 2026 пешниҳод кардааст, иттилоъ медиҳад хабаррасон Фабрисио Романо дар саҳифаи «твиттер»-и хеш.
Аз рӯи маълумоти сарчашма бошгоҳи «Аль-Аҳлӣ» нақша дорад, ки Роберто Фирмино ин ҳафта миёни рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа аз муоинаи тиббӣ мегузарад.   Ба футболбозе, ки сафи  «Ливерпул»-ро чун бозигари озод тарк намуд, шартномаи мӯҳлаташ то охири июни соли 2026 пешниҳод намудаанд.
Ба тими мерсисайдӣ бошад Фирмино аз сафи «Хоффенхайм» тобистони соли 2015 гузариш намуда, бо ҷониби «сурхон» ғолиби чемпионати Англия, Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА, чемпионати бошгоҳии ҷаҳон, Ҷоми Англия ва  Ҷоми лигаи Англия гардидааст.
Дар маҷмӯъ Фирмино дар сафи «Ливерпул» 362 бозӣ бо вуҷуди ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, муаллифи 111 гол ва  72 партофти голӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив