LIVE

Дар ҷанги Месси ва Бартомеу яке ғолиб баромад

Хадамоти матбуотии бошгоҳи “Барселона” дар саҳифаи расмии худ аз барканоршавии президенти даста - Жозеп Мария Бартомеу хабар дод. Пештар аз ин, Бартомеу дар овоздиҳӣ аз ҷониби аъзои бошгоҳ нобоварӣ ҳосил кард ва тасмим гирифт, ки раъйпурсиро интизор нашавад ва истеъфо диҳад. Бартомеу рӯзи 23-юми январи соли 2014 ба ҷои Сандро Розелл, ки дар гузариши қаллобонаи Неймар айбдор мешуд, ба вазифаи президенти бошгоҳ интихоб шуд. Бартомеу тасмим дошт, ки тобистони соли 2016 аз вазифа канор равад, аммо дар интихоботи нави президентӣ ширкат варзид. Дар давраи роҳбарии Бартомеу, “Барселона” 4 маротиба чемпион ва Ҷоми Испанияро ба даст оварда, инчунин як маротиба - Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳоро соҳиб гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив