LIVE

«Ливерпул» аз фурӯши ҳамлавари «Борнмут» ба «Тоттенхэм» то 10,5 млн евро мегирад

Бошгоҳи футболи «Ливерпуль» 20%-и ҳаҷми маблағи трансферии «Тоттенхэм» ба «Борнмут»  барои ҳамлагар Доминик Соланкеро мегирад, хабар медиҳад The Athletic.
Бино ба иттилои манбаъ агар «Тоттенхэм» барои харидории Соланке, ки нархи он 75 миллион евроро ташкил медиҳад, гузаришро амалӣ намояд, «сурхҳо» то 10,5 миллион евро ба даст меоранд. Мавсими гузашта Доминик дар ҳайати "гелосҳо" дар тамоми мусобиқаҳо 42 бозӣ анҷом дода, муаллифи 21 гол ва 4 партофти головар шудааст.
Соланке беҳтарин нишонзани Борнмут дар мавсими 2023/2024 гардид. Арзиши тахминии футболбоз бошад тибқи фарзияи сомонаи бонуфузи Transfermarkt  40 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив