LIVE

Арзиши бозигари ҷавони "Барселона" барои тимҳои Арабистони Саудӣ маълум шуд

«Барселона» ният дорад, ки аз фурӯши ҳамлагар Витор Роке ба тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ҳадди аққал 40 миллион евро ба даст орад, хабар медиҳад Sport.es.
Ба иттилои манбаъ, ин тими Арабистони Саудӣ мехоҳад, ки бозигарро бо ӯҳдадории харидории минбаъда ба иҷора гирад, аммо бошгоҳи каталонӣ ба интиқоли мустақими бразилии ҷавон ва ба маблағи на камтар аз 40 миллион евро исрор дорад.
Ёдовар мешавем, ки футболбози 19-сола моҳи январи соли 2024 аз “Атлетико Паранаэнсе” ба “Барселона” пайваста буд. Маблағи трансфер 40 миллион евроро ташкил дода, шартномаи футболбоз бо клуб то тобистони соли 2031 амал мекунад. Сомонаи Transfermarkt арзиши Рокеро 40 миллион евро арзёбӣ мекунад. Роке мавсими қаблӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо 16 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст.
«Барселона» бошад мавсими гузаштаи Примераи Испанияро  дар ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа ба анҷом расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив