Ҳамлавари итолиёвии «Рома» Артём Довбик, ки тобистони имсол аз «Жирона» омада буд, дар бораи он ки сабабҳои гузариш накарданаш ба «Атлетико Мадрид» сухан кард.
“Атлетико Мадрид? Ин аз сабаби муносибати мо нест, аммо муносибат бо Атлетико аслан дар сатҳи беҳтарин набуд. Одамоне буданд, ки маро дар бошгоҳ дидан мехостанд ва ҳамчунин нафароне буданд, ки инро нахостанд. », - гуфта буд Довбик дар шабакаи иҷтимоии X (қаблан Твиттер) бо такя ба маълумоти Gazzetta dello Sport.
Мавсими гузашта Довбик дар 41 бозӣ ширкат карда, 25 гол ва 10 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории ӯ бо римиҳо бошад то солли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 35 миллион евро аст.