Нимҳимоятгари дастаи “Барселона” Илкай Гюндоган дар чемпионати Аврупо-2024 сарвони Олмон хоҳад шуд. Ҳамин тавр дар чемпионати Аврупо, ки барои олмониҳо хонагӣ хоҳад буд, собиқ бозигари "Манчестер Сити" Илкай Гюндоган масъулияти капитаниро зимма мегирад.
Ҷошуа Киммих чун капитани дуюм, Томас Мюллер нафари сеюме хоҳад буд, ки метавонад ҳамчунин дар вазифаи. сарвонӣ таъин шавад.
Қаблан тими миллии Олмон дар бораи ширкат дар ин мусобиқа эълон карда буд ва сармураббии Бундестим Юлиан Нагелсманн бозигари собиқадори Борруссияи Дортмунд Маттс Хуммелсро даъват накарда буд.