«Барселона» ният дорад, ки оиди гузариши нимҳимоягари «Манчестер Сити» Илкай Гюндоган имрӯз, 26-уми июн эълон намояд. Дар ин бора нашрияи Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти сарчашма футболбози олмонӣ бо нилунориҳо шартнома зери нақшаи «2+1» имзо мекунад. Нуқтаи тамдидкунии шартнома дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар Гюндоган шумораи муайяни бозиҳоро дар сафи «Барселона» дар мавсими-2024/2025 доир намояд.
Дар мавсими сипаришуда нимҳимоягари марказӣ 51 бозӣ дар сафи «Манчестер Сити» бо вуҷуди ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 11 гол ва шаш партофти голӣ ба омор гирифтааст. Ба сафи «шаҳриҳо» Илкай соли 2016 за «Боруссия»-и Дортмунд гузариш карда буд.
Бо «Ман Сити» футболбози 32-сола панҷ маротиба қаҳрамони Англия ва чор маротиба дорандаи Ҷоми лигаи Англия гардида, дар мавсими -2022/2023 ба «шаҳриҳо» кумак намуд то дар Лигаи чемпионҳо зафар ёбанд.