LIVE

Дешам капитани нави мунтахаби Фаронсаро эълон кард

Сармураббии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам дар бораи капитани нави тими миллӣ тасмим гирифт. Килиан Мбаппе сарвони ҷадиди мунтахаби Фаронса  ва Антуан Гризманн бошад, ноиби ӯ эълон шуд.
 
Пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол, Уго Лорис аз тими миллии кишвараш канор рафт. Мбаппе дар ҳайати Фаронса 66 бозӣ анҷом дода, ба задани 36 гол ва 23 ассист даст ёфтааст.
 
Рӯзи 24 март тими миллии Фаронса дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Аврупо-2024 тими Ҳолландро қабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив