LIVE

Карим Бензема метавонад ба Қатар баргардад

Ҳамлагари “Реал Мадрид” ва тими мунтахаби Фаронса - Карим Бензема метавонад ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 баргардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан соҳиби “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2022 бар асари осеби гирифтааш тими Фаронсаро тарк карда буд. Гуфта мешуД, ки ӯ дар ин мусобиқа ширкат намекунад. Ба иттилои манбаъ, барқароршавии Бензема назар ба интизорӣ зудтар ҷараён дорад.

То миёнаҳои ҳамин ҳафта ҳамлагар метавонад ба тамрин баргардад. Азбаски Бензема расман аз ҳайати мунтахаби Фаронса дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 хориҷ карда нашудааст, ӯ метавонист аз ҷиҳати назариявӣ ба Қатар баргардад ва дар ин мусобиқа бозӣ кунад.

Қарорро дар бораи бозгашти дубораи Бензема сармураббии Фаронса Дидйе Дешам қабул мекунад. Қаблан маълум шуда буд, ки агар тими Фаронса дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 пирӯз шавад, Бензема низ соҳиби медал мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив