LIVE

Карим Бензема умед ба “Тӯби тиллоӣ” дорам

Ҳамлавари дастаи «Реал» Карим Бензема ва тими миллии Фаронса дар бораи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” изҳори назар намуд.

«Биёед бубинем, ки чӣ мешавад. Умедворам, ки ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” насиби ман мешавад. Ман шодам, ки барои ин ҷоизаи бонуфуз мубориза бурда метавонам. Хуб аст, ки ба майдон баромада гол мезанам. Футбол маро хушбахт мекунад. Умедворам, ки ҳама чиз ҳамин тавр идома меёбад. Дар ҳар сурат, бо назардошти он ки мо чӣ гуна ҳайати даста дорем, Ҷоми ҷаҳон бояд яке аз ҳадафҳои мо бошад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳоямон мо бояд хуб омодагӣ гирем ва ғалаба дар чемпионати ҷаҳон аз нақшаҳои асосии мост», – гуфтааст Бензема.
Дар мавсими ҷорӣ Бензема 15 бозӣ анҷом дода, 14 гол ва 8 партофти головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив