LIVE

Карим Бензема низ дар Чемпионати Ҷаҳон ширкат намекунад

Ҳамлагари фаронсавӣ Карим Бензема, ки ҳангоми тамрини мунтахаби кишвар аз мушаки рони чап осеб дида буд, се ҳафта ба майдон намебарояд. Бо ин сабаб ҳамлагари бошгоҳи “Реал” аз дархости дастаи мунтахабаш барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон хориҷ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Бенземаи 34-сола нахуст дар гурӯҳи умумии тими миллии Фаронса ба тамрин шурӯъ кард. Вай бинобар ҷароҳати нав натавонист машқро идома диҳад. Аз замони ҷароҳати қаблӣ гуфта мешуд, ки Карим эҳтимол дорад дар бозии аввал бо Австралия ширкат накунад, вале ҳоло ӯ ба таври ҳамешагӣ аз ин мусобиқа берун шуд.
Бензема пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол то бозиҳоро дар “Реал Мадрид” идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив