LIVE

То чӣ андоза осеби бардоштаи Карим Бензема ҷиддӣ аст?

Ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Карим Бензема бар асари ҷароҳати зонуаш дар бозии даври 1-уми Лигаи Чемпионҳо бо “Селтик” тақрибан 10 рӯз ба майдон намеояд. Ҷароҳати ҳамлагар ҷиддӣ набуд, аз ин рӯ, ӯ метавонад дар бозии рӯзи 18 сентябр бо "Атлетико" ширкат кунад.  Ба иттилои манбаъ, табибони клуб дар фаронсавӣ бурсити зонуро ташхис кардаанд. 
Дар хулосаи тиббӣ оварда шудааст, ки бозигар осеб дорад ва мушакҳои рони рости бозигар зиёд фишор дидаанд. 
Ёдовар мешавем, ки Бензема дар нимаи аввали бозӣ, бо “Селтик” бинобар ҷароҳат бардоштанаш  иваз карда шуд. Ба ҷои ин нимҳимоятгар Эден Азар ба майдон баромад. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи шогирдони Карло Анчелотти анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив