LIVE

Бахт ба рӯи Серхио Рамос хандид

Капитани «Реал» - Серхио Рамосро иқболаш баланди кардаву ҷароҳати бардоштааст, ҷандон ҷиддӣ набудааст. Рамос дар бозӣ бо тими «Реал Сосйедад» (2:1) дар қисми аввали бозӣ аз зонуаш зарба хурду майдонро тарк гуфт.  
Ташхисҳои тиббӣ нишон додаанд, ки осеби бардоштаи муҳофизатгар хатари ҷиддӣ ба саломатии ӯ надорад. Гуфта мешавад, ки ба хотири эҳтиёт Рамос бар муқобили тими «Малйорка» ба майдон намебарояд. 
Дар мавсими ҷорӣ муҳофизатгари 34 сола дар 37 бозӣ майдондорӣ карда, ба задани 9 гол даст ёфтааст, ки аз байни ҳамлагарони даста аз Серхио Рамос дида, танҳо Карим Бензема голи бештар задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив