LIVE

Илкай Гюндоган ба «Барселона» гузариш кард

Собиқ нимҳимоягари «Манчестер Сити» Илкай Гюндоган ба сафи «Барселона» гузариш намуд. Дар ин бора тими испанӣ дар сомонаи расмии хеш иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти сарчашма футболбози олмонӣ бо нилунориҳо шартнома зери нақшаи  «2+1» имзо намуд. Нуқтаи тамдидкунии шартнома дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар  Гюндоган шумораи муайяни бозиҳоро дар сафи «Барселона» дар мавсими-2024/2025 доир намояд.
Дар мавсими сипаришуда нимҳимоягари марказӣ 51 бозӣ дар сафи «Манчестер Сити» бо вуҷуди ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 11 гол ва шаш партофти голӣ ба омор гирифтааст. Ба сафи «шаҳриҳо» Илкай соли 2016   за «Боруссия»-и   Дортмунд гузариш карда буд.
Бо «Ман Сити» футболбози 32-сола панҷ маротиба қаҳрамони Англия ва чор маротиба дорандаи Ҷоми лигаи Англия гардида,   дар мавсими -2022/2023 ба «шаҳриҳо» кумак намуд то дар Лигаи чемпионҳо зафар ёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив