LIVE

"Барса" ба футболбози мунтахаби Олмон мароқ зоҳир намудааст

Нимҳимоятгари олмонии "Манчестер Сити"  Илкай Гюндоган шояд фаъолияташро дар "Барселона" идома диҳад.

Ба гуфтаи рӯзноманигори итолиёвӣ Фабритсио Романо, ба футболбози 31-сола дастаҳои “Барселона” ва “Арсенал”-и Лондон таваҷҷуҳ доранд. Гузашта аз ин, баъзе дастаҳои Бундеслигаи Олмон ба Гюндоган мароқ зоҳир мекунанд.

Гюндоган дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Сити” дар АПЛ 26 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол ва 4 партофти головар даст ёфтааст.

Илкай Гюндоган 1 июли соли 2016 ба дастаи «Манчестер Сити» аз «Боруссия» Дортмунд гузашт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нимҳимоятгар метавонад фаъолияти худро дар лигаи MLS-и Амрико ва ҳамчунин дар яке аз бошгоҳҳои чемпионати Туркия идома диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив