LIVE

"Ал-Иттиҳод" соҳиби сармураббии нав мегардад

Муттахассиси аргентинӣ Марсело Галярдо ният дорад, ки вазифаи сармураббигии бошгоҳи саудии  «Ал-Иттиҳод»-ро тарк кунад, хабар медиҳад журналист Фабрисио Романо дар шабакаи  Х (пештар Twitter).
Бино ба маълумоти манбаъ ҷузъиёти ягонае, ки айни ҳол дақиқ карда мешавад, ин  рафтани мураббӣ айни ҳол аст ё ки ин корро ӯ баъди анҷоми мавсими ҷорӣ анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки мураббии аргентинӣ моҳи ноябр бо тими   «Ал-Иттиҳод» шартномаи яку нимсола имзо намуда буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста 30 бозӣ гузаронида,  14 пирӯзӣ ба даст овард, се мусовӣ кард ва  13 маротибаи дигар дучори бохт гардид.
Муттахассиси 48-сола то ин дам танҳо бо ду даста кор кардааст —«Насионал»-и уругвайӣ ва «Ривер Плейт»-и аргентинӣ. Дастаи ахирро Галярдо дар масири ҳашт сол тамрин медод. Таҳти роҳбарии ӯ «Ривер Плейт»   13 ҷоиза аз зумраи қаҳрамонии Аргентина ва ду маротиба Ҷоми Либертадорес  ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив