LIVE

Суарес бо «Ривер Плейт» шартнома баст

Ҳамлагари уругвайӣ Луис Суарес бо бошгоҳи Аргентина "Ривер Плейт" шартнома баст. 
Суарес феълан аз зумраи футболбозони бе даста мебошад.  Дар мавсими гузашта ӯ дар ҳайати “Атлетико Мадрид” дар тамоми мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом додааст. Дар ин муддат ӯ ба дарвозаи рақибон 16 гол задааст. 
Дар мавсими имсола, пас аз панҷ бозӣ, «Ривер Плейт» бо 8 имтиёз дар ҷадвали Лигаи Аргентина шашум аст. Инчунин даста бо ишғоли зинаи аввал ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми Либертадорес роҳ ёфт ва дар даври 1/8 финал бо бошгоҳи “Велес Сарсфилд” бозӣ хоҳад кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагар бо «Лос-Анҷелес Гэлакси» барои бастани шартномаи як сола розӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив