LIVE

Дари «Атлетико» низ барои Луис Суарес баста шуд

«Атлетико» тасдиқ кард, ки Луис Суарес дар моҳи июн ба тариқи ройгон дастаро тарк мекунад.
Рӯзноманигор Фабритсио Романо, сармураббии тими мадридӣ Диего Симеоне ва ҳамзамон президенти клуб рафтани ин ҳамлагарро рад накарданд ва иқрор шудаанд, ки барои ӯ тарки даста хоҳад кард.
Суарес дар фикри гузаштан ба MLS нест, ӯ мехоҳад, ки дар Аврупо бозӣ кунад. 
«Атлетико» бо ҳамлагар Луис Суарес шартномаашро тамдид накард ва Суаресро зарур аст, ки барои худ тими нав пайдо намояд. 
Шартномаи ҳамлагари уругвайӣ моҳи июни соли 2022 ба охир мерасад. Суарес дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати «Атлетико» 43 бозӣ анҷом дода, 13 гол ва 2 партофти головар кардааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба хотири бозгашташ ба «Барселона» омодааст, ки ҳамлагар маоши кам бигирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив