LIVE

Суарес Ла Лигаро бо MLS иваз мекунад

Хабарнигор Никола Шира дар Твиттери худ менависад, ки  ҳамлагари уругвайи "Атлетико Мадрид" Луис Суарес метавонад ба Иёлоти Муттаҳида кӯчад. Ба иттилои манбаъ, ду клуби MLS-и Амрикои Шимолӣ  ба ҳамлагар пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд. Ҳамчунин ба футболбоз "Коринтианс" мароқ зоҳир намудааст. Шартномаи уругвайӣ бо «Атлетико» тобистони соли 2022 ба охир мерасад, бинобар ин ӯ метавонад ба дастаи дигар ройгон гузарад.
Дар мавсими ҷорӣ Суареси 34-сола дар тамоми мусобиқаҳо 24 бозӣ анҷом дода, 8 гол задааст ва 2 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив