LIVE

Тавсияи Суарес ба Месси

Ҳамлагари "Атлетико" -и Мадрид Луис Суарес ба собиқ ҳамдастааш Лионел Месси тавсия додааст, ки дар клуби каталонӣ бимонад.
“Ман ҳамчун дӯст ва мухлисаш ба ӯ тавсия медиҳам, ки дар “Барселона” бимонад”, - гуфтааст Суарес.
Ҳамлагари мунтахаби Уругвай моҳи сентябри соли 2020 пас аз он, ки сармураббии каталонҳо Роналд Киман ба Луис гуфт, ки ба ӯ умедвор нест, аз “Барселона” ба “Атлетико” гузашт. Дар мавсими аввалини худ бо “Атлетико” Суарес қаҳрамони Испания шуд. Шартномаи Суареси 34-сола бо “Атлетико” то тобистони соли 2022 амал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Месси бо “Барселона” 30 июни соли 2021 ба итмом мерасад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив