LIVE

Суарес рекорди асри XXI-ро гузошт ва дастоварди Роналдуро фатҳ кард

Дар бозии даври 22-юми чемпионати Испания дастаи “Атлетико “Селта”-ро дар майдони худ қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Луис Суарес дар 17 бозии аввалини худ бо пероҳани "Атлетико" 16 гол зад. Ӯ аввалин бозигари асри 21 гардид, ки дар мавсими аввалинаш ба ин дастовард расидааст. Барои 16 гол, ба ӯ ҳадди аққал вақти бозӣ лозим буд. Рекорди қаблӣ ба Криштиану Роналду тааллуқ дошт - 15 гол дар 17 бозии “Реал Мадрид” дар мавсими 2009/2010 зада буд. Ёдовар мешавем, ки форварди 34-солаи уругвайӣ моҳи сентябри соли 2020 ба ҳайати агенти озод ба дастаи мадридӣ пайваст ва “Барселона”-ро тарк кард. Шартномаи ӯ бо “Атлетико” то тобистони 2022 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив