LIVE

Луис Суарес бар муқобили "Барселона" бозӣ намекунад

Ҳамлагари бошгоҳи «Атлетико» - Луис Суарес пас аз натиҷаи ташхис маълум шуд, ки ба Ковид-19 мубтало гардидааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Уругвай хабар додааст. Ҳоло Суарес бояд дубора аз санҷиш гузарад, аммо ба эҳтимоли зиёд ҳамлагар дар якчанд бозии ояндаи дастааш ширкат намекунад.
Санаи 18-уми ноябр тими миллии Уругвай дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 мизбони Бразилия хоҳад буд. Ва 21-уми ноябр бошгоҳи “Атлетико” дар бозии даври 10-уми Ла Лига бо “Барселона” вомехӯрад, ки дар ин набардҳо  Суарес ба майдон намебарояд. Интизор меравад, ки Луис бар муқобили собиқ дастаи хуб "Барселона" бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив