LIVE

То КОВИД-19 ҳаст, дар Аргентина футбол нест

Дар баробари лағв гардидани мусобиқаҳои варзишӣ Чемпионати Аргентина оид ба футбол низ пеш аз мавсим ба анҷом расид. Дар ин бора Президенти Ассотсисатсияи футболи Аргентина - Клаудио Тапиа хабар додааст. “Мо ба хулосае омадем, ки мусобиқаро ба анҷом расонем”, иброз доштааст: Тапиа қайд намудааст, ки дар ин маврид мо нишасти изтирорӣ баргузор мекунем ва тамоми суолҳо матраҳ мегарданд. Инчунин роҳбарияти футболи Аргентина иброз доштааст, ки бо ба анҷом расонидани мавсим ивазшавии дастаҳо ба миён намеояд. Мо набояд саломатии худро дар хатар гузорем. Ин вабо ҳар лаҳза метавонад моро ба доми худ гирад. Беҳтар аст, ки вазъият хуб шавад ва пасон боз мо ба футбол бармегардем. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Бока Хуниорс” бо касби 48 имтиёз чемпиони Аргентина гардид. Зинаи дуюмро бошгоҳи “Ривер Плейт” бо 47-хол ва ҷои сеюмро дастаи “Велес Сарсфилд” бо 39-хол касб намудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив