LIVE

КОНМЕБОЛ муҷозоти Мессиро бекор накард

Маҷалаи Mundo Deportivo хабар медиҳад, суди Апелатсионии созмони Амрикои Ҷанубӣ оид ба футбол (КОНМЕБОЛ) муҷозоти баровардаи худро дар нисбати ҳамлавари дастаи “Барселона” ва тими мунтахаби Аргентина - Лео Месси, ки ин созмонро дар даст доштан ба амалиётҳои корупсионӣ гунаҳгор карда буд, бекор накард. Асотсатсияи футболи Аргентина (AFA) бо пешниҳод намудани аризаи расмии худ хоҳиш намудааст, ки муҳлати моҷозотро аз 3 моҳ ба 2 моҳ кам намоянд, вале созмон ба онҳо ҷавоби рад додааст. 
Месси аз санаи 3 августи соли 2019 ҳаққӣ ширкат намудан дар бозиҳои мунтахаби худро надорад ва дар бозоҳои аввали интихобӣ баҳри роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон Қатар-2022   иштирок карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки баъди бохти мунтахаби худ дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Амрико аз мунтахаби Бразилия ба ҳособи (2:0) Месси доваронро интиқод бар он намуд, ки дар рафти бозӣ аз системаи VAR истифода набурданд. Ҳамзамон дар маросими ҷоизасупори, ки Аргентина дар ин мусобиқа ҷойи сеюмро ишғол намуда буд, ширкат накард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив