LIVE

“Ривер Плейт” унвони қаҳрамониро дифоъ карда натавонист

Имшаб бо иштироки дастаҳои “Фламенго”-и Бразилия ва “Ривер Плейт”-и Аргентина дидори ниҳоии Ҷоми Либертадорес сурат гирифт. “Ривер Плейт”, ки қаҳрамони феълии ин мусобиқа маҳсуб мешуд унвони чемпиониро дифоъ карда натавонист. Ҳисоби бозӣ 2 бар 1 ба фоидаи “Фламенго” шуд. Аргентиниҳо бо голи Рафаэл Борре дар дақиқаи 14-ум ба пеш баромаданд. “Фламенго” таслим нашуд. Ҷаҳду такопуи бразилиҳо дар охири бозӣ самар овард. Габриел бо ҷуфтголи худ дар дақиқаҳои 89-ум ва 90+2 ғалабаи тимашро таъмин кард. Ҳамин тавр бошгоҳи “Фламенго” пас аз тақрибан 38 сол дигарбора беҳтарин тими футболии қораи худ шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив