LIVE

Перу дар финали Ҷоми Амрико-2019

Варзишгоҳи  «Арена ду Гремио»-и шаҳри Порту-Алегри бозии дуюми даври нимниҳоии Ҷоми Амрико-2019-ро дар худ фаро гирифт. Аз миёни ҷуфти тимҳои миллии Чили ва Перу албатта, муддаӣ баҳри пирӯзӣ маҳз қаҳрамони кунунии ин мусобиқот маҳсуб меёфтанд. Эдисон Флорес дар дақиқаи 21-уми бозӣ тӯбро таслими дарвозаи мунтахаби Чили сохта, Перуро ба пеш баровард.  Дар дақиқаи 38-уми вохӯрӣ бошад, футболбози дигари мунтахаби Перу Йосимар Йотун голи дуюмро ба дарвозаи тими миллии футболи Чили сохта, бартарии комили дастаашро таъмин сохт.  Футболбозони Чили ҳарчанд зиёд талош карданд, аммо ба дарвозаи мунтахаби Перу гол зада натавонистанд, бар акс дар дақиқаҳои изофанамудаи охири бозӣ футболбозони мунтахаби Перу дарвозабони рақибро маҷбур сохтанд то маротибаи сеюм тӯбро аз дохили тури дарвозааш берун барорад. Ҳамлагар Хосе Паоло Герреро аз партофти саривақтии Ренато Тапиа Истифода карду ҳисобро 3:0 сохт. Ҳамин тав мунтахаби Чили, ки дар ду мусобиқоти қаблии Ҷоми Амрико унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд, ин навбат ба финал роҳ ёфта натавонист. Тимҳои миллии футболи Бразлия ва Перу дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар Ҷоми Амрико-2019 рӯзи 7-уми июл байни ҳам талош хоҳанд кард.  Барои ба даст овардани мақоми сеюм бошад, финалистони ду мусобиқоти қаблӣ Аргентина ва Чили байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Амрико-2019
Даври 1/2 ниҳоӣ
Чили - Перу - 0:3 (0:2)
Голҳо: Флорес, 21 (0:1). Йотун, 38 (0:2). Герреро, 90+1 (0:3).
Чили: Ариас, Исла, Медел, Марипан (Кастило, 89), Видал, Фуэнсалида (Сагал, 46), Босежур, Арангис, Пулгар, Санчес, Варгас.
Перу: Галйесе, Самбрано, Адвинкула, Трауко, Абрам, Куэва (Баллон, 80), Йотун, Флорес (Гонсалес, 50), Тапия, Герреро, Каррило (Поло, 71).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив