LIVE

Беҳтарин мунтахаб Ҷоми Амрикоро тарк намуд

Бозии сеюми даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Амрико-2019 миёни мунтахабҳои Колумбия ва Чили сурат гирифт. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Арена Коринтианс”-и шаҳри Сан Паулу дар давоми 90 дақиқаи бозӣ ба дарвозаи ҳамдигар гол зада натавонистанд ва ғолиб дар иҷориши силсила зарбаҳои пеналтӣ муайян шуд. Аз ҳайати Колумбия муҳофизатгар Вилям Тесилио зарбаашро хато заду Алексис Санчес пеналташро бехато иҷро карда, роҳи тимашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор кард. Акнун футболбозони Чили интизори рақиби худанд, ки имшаб дар ҷараёни бозӣ байни мунтахабҳои Уругвай ва Перу бояд муайян шавад. Мунтахаби Колумбия ягона дастае буд, ки дар мусобиқаи мазкур дар гурӯҳ 100% имтиёз ба даст овард, дар чор бозӣ ягон гол ба дарвозааш сар надод, вале аз идомаи мусобиқот канор рафт. Бозиҳое, ки шогирдони Карлуш Кейруш дар даври гурӯҳӣ нишон доданд, тибқи арзёбии коршиносон аз иштирокчиёни дигари мусобиқот фарқ дошт. Вале чун дар рӯ ба рӯи онҳо рақиби нобобе чун Чили қарор дошту, бар замми ин дар иҷроиши силсила зарбаҳои пеналти иштибоҳ карданд, иштироки худро дар Ҷоми Амрико-2019 хотима бахшиданд.

Ҷоми Амрико-2019
Даври 1/4 ниҳоӣ
Колумбия - Чили - 0:0 . Пеналти - 4:5
Аз рӯи пеналти: Хамес Родригес - 1:0. Видал - 1:1. Кардона - 2:1. Э.Варгас - 2:2. Куадрадо - 3:2. Пулгар - 3:3. Мина - 4:3. Арангис - 4:4. Тесильо - 4:4 А.Санчес - 4:5. 
Колумбия: Оспина, Медина, Мина, Д.Санчес, Тесило, Хамес Родригес, Куадрадо, Барриос, Урибе (Кардона, 67), Фалкао (Д.Сапата, 77), Мартинес (Л.Диас, 81).

Чили: Г.Ариас, Исла, Медел, Марипан, Видал, Фуэнсалида (Павес, 75), Босежур, Арангис, Пулгар, А.Санчес, Э.Варгас.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив